Айни замон дар 53 хонаи нави сокинони аз сел зарардида дар ноҳияи Хуросон бардоштани бом оғоз шуда, се хона пурра бомпӯш шуданд.

Аз Раёсати Кумитаи холатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд, ки то 1 июли соли ҷорӣ дар деҳаи Чорбоғ аз 67 манзили истиқоматӣ дар деҳаи навбунёд, ки барои онҳо замин дода буданд, дар 62 манзил аллакай бардоштани девор ба охир расида, дар 53 хонаи дигар бардоштани бом оғоз шудаву се хонааш пурра бомпӯш шуданд.

Ба иттилои расида дар 18 манзили нави сокинони аз сел осебдида дару тирезаҳо насб шуда, як хона пура андова шуда, дар як манзили дигар корҳои андовакунӣ идома доранд.

Бояд гуфт, ки бар асари омадани сели рӯзҳои 14-16-уми моҳи май дар ноҳияи Хуросон 67 манзили истиқоматии сокинони  ноҳияи Хуросон пурра ва қисман зарар дида буданд, ки ҳоло бунёди манзилҳои зист барои онҳо бо маром идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь