Як корманди Корхонаи давлатии фаръии «Суғдзаминсоз» барои фурӯхтани замин дастгир шудааст, ки бо шарики худ бо моддаи 247, қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд нисбат ба Ҳакимов Ҳакимхон Ваҳобович ва Раҳимов Ҳакимҷон Садриддинович бо моддаи 247, қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо хабар доданд.
Ҳакимов Ҳакимхон Ваҳобович дар вазифаи техник-заминсози Корхонаи давлатии фаръии «Суғдзаминсоз» кор карда, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Раҳимов Ҳакимҷон Садриддинович ба боварии шаҳрванд Раупов Акрам Расулович даромада, барои аз ҳудуди заминҳои маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд ҷудо карда додани қитъаи замин аз охирин 206 150 сомонӣ талаб карда гирифтаанд.