Нуъмонхон Ҳасанов соли 1972 факултети механикаи Донишгоҳи кишоварзиро хатм кардааст. Баъди хатм ба корхонаи механизатсияи сохтмон ба кор даромада, вазифаҳои механики кранҳои мобилӣ, механики кранҳои маноравиро масъулиятшиносона ба ҷо овардааст. Дар синни 30-солагӣ директори муассисаи нақлиёти автомобилӣ таъин гардида, давоми 20 сол ин вазифаро сарбаландона иҷро кардааст.

Тавре қаҳрамони мо афзуд, то ҳол хобии ӯ ихтироъкорӣ аст. Вай дар вазъияти номусоиди пандемия низ якчанд идеяҳояшро дар амал тадбиқ кард.

– Аз қадим маълум аст, ки дуди ҳазориспанд ба ҳар дард даво аст. Мо дар хона ба таври анъанавӣ ин гиёҳро рӯйи хокистарпарто чида, дуд мекардем, ки хавфаш зиёд буд. Сӯхтани даст ё ягон ҷиҳози хона аз эҳтимол дур намемонд. Барои ҳамин, ман 4 дастгоҳи дудкунии испандро сохтам. Онро дар мавзеҳои ҷамъиятӣ низ кор фармоем, фоидаовар хоҳад буд,- мегӯяд муҳандиси нафақагир.

Ба таъкиди Нуъмонхон Ҳасанов, дастгоҳи испандудкунии сохтааш тариқи аккумулятор ва қувваи барқ кор мекунад ва ба меъёрҳои бехатарӣ ҷавобгӯ аст. Ин ихтироъкори нафақагир омода аст, ки фармоишоти хоҳишмандонро қабул намояд.

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь