Пӯшида нест, ки ҷойи маҳсулоти воридотӣ дар бозори истеъмолӣ нисбат ба истеҳсоли ватанӣ фоизи бештарро соҳиб аст, аммо дар айни муомилот ба ваҷҳи пастсифат ва бе сертификат будани маҳсулот байни фурӯшанда ва харидор баҳсу мунозира сурат мегирад, ки бо ин манзара қариб ҳар рӯз рӯ ба рӯ шудан мумкин аст.

Вобаста ба ҳамин масъала сардори дафтари матбуоти маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд Маҳкамбой Каримов гуфт, ки давоми соли 2019 ба марказ дар бораи вайрон гардидани қоидаҳои савдо 49 адад муроҷиати шахсони воқеӣ ва 9 адад арз тариқи мессенҷери Viber расидаанд, ки аз ҷониби масъулин ба таври мусбат ҳал шудааст.

– Давоми соли 2019 ба миқдори 125 ҳазору 360 кг хӯрокворӣ, ки маблағи умумии он 5 млн 794 ҳазор сомониро ташкил медод, аз лиҳози ғайристандартӣ будан бо иштироки комиссияи салоҳиятноки мақомоти дахлдор дар «Партовгоҳи корхонаи воҳиди давлатии шаҳри Хуҷанд» ба таври зери хок кардан ва сӯзонидан нобуд карда шуданд, – гуфт Махкамбой Каримов.

– Маркази Тоҷикстандарт ҷиҳати пешгирӣ кардани воридшавии маҳсулоти пастсифат бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ мекунад, – шарҳ дод сардори дафтари матбуот. – Дар натиҷа 3 ҳазору 175 кг маҳсулоти гӯштӣ ба маблағи 904 ҳазор сомонӣ, ки аз рӯйи нишондоди ташхиси Тоҷикстандарт мавҷудияти бӯйҳои бегона ва бактерияҳои касалиовари салманела ва қаламчаи рӯда исбот гардид, аз муомилот мононда шуд ва барои баррасии мавод ба мақомоти прокуратура ирсол карда шуд.

– 18 ҳазор кг чойи сиёҳ (Ҳиндустон) ба маблағи 360 ҳазор сомонӣ, 130 ҳазору 730 кг равғани нахл (Малайзия) ба маблағи 1 млн. 634 ҳазору 162 сомонӣ, 60 т равғани пахта (ҳамсоякишвар) ба маблағи 407 ҳазору 261 сомонӣ аз гардиш боздошта шудааст, ки ҳамаи онҳо ба талаботи регламентҳои техникӣ ҷавобгӯ набуда, дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва тибқи низоми гумрукӣ «реэкспорт» (аз ҳудуди кишвар берун) карда шуд, – илова кард Маҳкамбой Каримов.

Масъулин мегӯянд, ки маркази Тоҷикстандарт тибқи мукаррароти конуни «Санҷиши фаъолияти субъэкти хоҷагидор» дар 1 сол ҳуқуқи 1 маротиба гузаронидани назароти давлатиро дорад. Бо назардошти ин, истеъмолкунандагон низ метавононд аз ҳуқуқҳои худ истифода бурда, дар рафти мушоҳидаи молу маҳсулоти пастсифат бо рақамҳои 92–797-77-47 тариқи Viber ба марказ муроҷиат кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь