Як мард дар шаҳри Хуҷанд бо санг ба сари марди дигар зада ӯро ба ҳалокат расондааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст. Номбурда, 6-уми марти соли 2021, тахминан соати 18:30, ҳангоми дар кӯчаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд қарор доштан бо марди 36-солаи сокини шаҳри Гулистон даъво карда, бо санг 3 маротиба ба сари номбурда задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 110, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь