Ширкати Тcell имконият медиҳад, ки ба таври онлайн аз Федератсияи Русия тавассути замимаи МТС Бонк ва дар сомонаи ҳамёни электронӣ хизматрасониҳо ва пур кардани тавозун бе комиссия анҷом дода шаванд.

Барои пур кардани суратҳисоб, Шумо бояд ба утоқи инфиродӣ (шахсӣ) –и барномаи МТС Бонк ва ё сомонаи МТС Денги ворид гардед. Дар бахши “Пардохтҳо” “Интиқолҳо ба ИДМ” -ро интихоб карда, Tcell Тоҷикистонро пайдо намоед. Сипас, рақами қабулкунанда ва маблағи пардохтро ворид кунед. Баъд аз тасдиқи пардохт, пул фавран ба рақами гирандаи маблағ ворид мешавад. Комиссияи хизматрасонӣ – 0%.

Хизматрасонӣ аз ҷониби МТС Бонк дар ҳамкорӣ бо ҶММ ТҒТ “Моби Денги” амалӣ шудааст.

Ҳамчунин, мизоҷоне, ки то охири соли 2020 тавассути “МТС Денги” “Пардохтҳо ба ҳисоби Tcell” -ро анҷом додаанд, соҳиби 10% кэшбек мешаванд. Маълумоти шабеҳ (монанд) дар бораи иқдоми “Кэшбек то 10% барои “Пардохтҳо ба ҳисоби Tcell ” дар пайвани зер мавҷуд аст: https://clck.ru/R834y.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь