Натиҷаҳои муқаддамотии раъйдиҳӣ нишон медиҳад, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии Аржентин аз ҳизби озодихоҳ Хавйер Майлӣ пирӯз шудааст.
Бино ба маълумоти Палатаи миллии интихоботии ин кишвар, пас аз шумориши беш аз 94% овозҳо, Майлӣ беш аз 55 дарсади овозҳоро (беш аз 13,78 миллион) ба даст овардааст.
Рақиби ӯ, вазири иқтисод Серҷио Масса, ки намояндаи эътилофи ҳукмрони «Эътилоф барои Ватан» аст, пирӯзии Майлиро ҳатто қабл аз эълони натоиҷи расмӣ эътироф кард.
Раисиҷумҳури нав рӯзи 10-уми декабр ба кор шуруъ мекунад ва то охири соли 2027 дар ин мақом кор хоҳад кард.
Дар ҷараёни маъракаи интихоботи президентӣ Майлӣ изҳор дошт, ки дар сурати интихоб шуданаш, ислоҳоти бесобиқаи сиёсӣ ва иқтисодӣ анҷом хоҳад дод. Аз ҷумла, ӯ ваъда дод, ки иқтисодро долларӣ кунонад. Майлӣ ҳамчунин гуфт, ки бо бастани вазоратхонаҳои фарҳанг ва маорифи Аржентин ва ҳамчунин аз байн бурдани субсидияҳои давлатӣ хароҷоти ҳукуматро коҳиш медиҳад.
Хозир Аржентин вазъияти душвори иктисодиро аз cap мегузаронад, таварум дар ин кишвар ба 143 дарсад расидааст.