Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилоят Хатлон ва шуъбаву бахшҳои он соли 2021-ум муайян карданд, ки воридшавии 4 ҳазору 662 нафар шаҳрванди вилоят ба Русия маън карда шудаст.
Аз Раёсати мазкур хабар доданд, ки соли гузашта 17 ҳазору 874 нафар ба Раёсат ва бахшу шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба манъ будан ё набудани вурудашон ба Федератсияи Русия муроҷиат кардаанд.
Иттилоъ дода шуд,к и кормандони ниҳоди мазкур дар натиҷаи санҷишҳо муайян кардаанд, ки давоми соли 2021-ум воридшавии 4 ҳазору 662 нафар, аз ҷумла 4 ҳазору 223 нафар мард ва 439 нафар зан муваққатан манъ карда шудаст.
Гуфта шуд, ки соли гузашта аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии бозпасгашта, 1 ҳазору 575 нафар (1486 мард ва 89 зан) бо мусоидати Раёсат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ва касбомӯзӣ ба мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят муроҷиат карданд.
– Аз инҳо 286 нафар бо ҷойи кори доимӣ, 256 нафар ба касбомӯзӣ, 48 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок, 969 нафар ба машварати касбӣ фаро гирифта ва 16 нафари онҳо аз ҳисоби маблағҳои бефоизи мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят ба ҷойи кори доимӣ, соҳибкорӣ машғул шуданд, – гуфтанд аз Раёсати мазкур
Зикр гардид, ки ба 1 декабри соли 2021 тавасути гузаргоҳҳои сарҳадии қаламрави вилояти Хатлон 195 ҳазору 702 нафар ба хориҷи кишвар сафар кардаанд, ки аз онҳо 171 ҳазору 291 мардҳо ва 24 ҳазору 411 нафарашон занон буданд ва 169 ҳазору 344 нафарашонро муҳоҷирони корӣ ташкил мекунанд.
Ҳамчунин, дар ҳамин давра 76 ҳазору 513 нафар аз хориҷи кишвар баргаштанд (мардҳо- 61 ҳазору 575, занҳо 14938), ки аз ин ҳисоб 71 ҳазору 310 нафарро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд.