Ба вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли ҷорӣ воридоти шакар, орд, бензин, чой, гӯшти мурғ, равғани растанӣ ва даҳҳо маҳсулоти дигар дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст.

Сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон Эраҷ Халилзода имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба вилоят тарқиқи гузаргоҳҳо 7,3 ҳазор тонна шакар  ба мабағи 4 миллион доллар ворид шудааст. Воридот дар ҳамин давраи соли гузашта 57,3 ҳазор  тонна ба мабалағи 32,5  миллион доллар буд.  Яъне, 50 ҳазор тонна, ба маблағи 28 млн доллар, кам ворид шудааст.

Бензин дар соли 2024-ум 5,2 ҳазор тонна  ба маблағи 4 миллиону 190 ҳазор доллар ворид шудааст. Дар шаш моҳи соли 2023 бошад 6,7 ҳазор тонна  ба маблағи 4,1 миллион доллар ворид шуда буд,  фарқият  1,4 ҳазор тонна, ба маблағи 7341 ҳазор доллар кам ворид шудааст.

Ҳамчунин 18,8 ҳазор тонна чой ба маблағи 26 ҳазору 425 ҳазор доллар ба вилоят ворид шудааст. Ҳамин нишондиҳанда дар  соли  2023-юм 166 ҳазор тонна бо харҷи  223 ҳазор доллар ворид карда шуда буд. Нисбати шаш моҳи соли гузашта ба вилоят 147  ҳазор тонна чой кам ворид шудааст. Воридоти орд бошад  дар ин давра ба вилоят 400 ҳазор  тонна кам шудааст.

Қайд гардид, ки муносибатҳои тиҷорати хориҷӣ ба 7 кишвари аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба маблағи 41,3 млн доллар сурат гирифтааст, ки аз ин маблағ бо низомҳои гумрукии содирот 12,9 млн доллар ва воридот бошад 28,4 млн доллар рост меояд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи авали соли 2024-ум бо 42 давлати хориҷи дур, амалиёти содиротию воридотӣ ба анҷом расонида шудааст, ки арзиши гумрукӣ 191,8 млн долларро ташкил медиҳад, ки аз ин маблағ бо низоми гумрукии содирот 110,8 млн доллар ва воридот 81 млн доллар рост меояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь