Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо вайронкнундагони муҳити зистро 1 миллиону 306 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд.
Сардори ниҳоди мазкур Собирзода Қурбоналӣ ба “Фараж” гуфт, барои ҷой доштани камбудиҳо ва вайрон кардани талаботи қонунҳо дар самти ҳифзи муҳити зист 4374 нафар ба маблағи 1030699 сомонӣ ҷарима шуда, аз он ба буҷети давлат 986 ҳазору 227 сомонӣ ворид карда шудааст.
Номбурда афзуд, ки ба прокуратура 55 мавод ба маблағи 188444 сомонӣ, 1 мавод ба суди иқтисодӣ ба маблағи 124131 сомонӣ ва 4 мавод ба суд ба мабалғи 30124 сомонӣ барои ситонидан пешниҳод шуда, боқимонда дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.
Блоки рекламавӣ