Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бунёди 576 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шуда, то ҳозир 333-тои он бунёд шудааст.
Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд то соли 2026-ум, яъне дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди 6260 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз онҳо то 1 марти соли равон 2624 ададаш бо ташкили 2714 ҷои корӣ бунёд гардидааст.
Аз ҷамъи умумии иншооти дар нақшабуда, 760 иншооти соҳаи маориф 318 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки 8 адади он муассисаҳои томактабӣ мебошанд. Аз 477 муассисаи соҳаи тандурустӣ то ҳозир 114–тои он бунёд гардид.
Аз 179 иншооти соҳаи фарҳанг 22 адад, аз 261 иншооти варзишӣ 44 адад, аз 289 иншооти соҳаи кишоварзӣ 110 адад ва аз 55 иншооти соҳаи сайёҳӣ 25 адади он то ҳозир сохта ба истифода дода шудааст. Дар иншооти дигари ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.