Дар вилояти Хатлон 17 муассисаи таълимии себастӣ фаъолият мекарданд,ки то аввали соли хониши 2022-2023-юм 13 адади онҳо ба дубастӣ гузаронида шуданд.
Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, иттилоъ дод,дар аввали соли таҳсили 2022 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии дар се баст фаъолияткунанда дар вилоят 17 ададро ташкил медод.
– Ба ҳолати имрӯза тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи шуъбаҳои маориф 7 муассиса аз ноҳияи Фархор (мактабҳои №1,3,66,11,25,30 ва 35), як муассиса аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (мактаби №26), як муассиса дар ноҳияи Данғара (МТМУ № 73), як муассиса дар ноҳияи Восеъ (МТМУ № 53), як муассиса дар ноҳияи А. Ҷомӣ (МТМУ № 39), як муассиса аз ноҳияи Балчувон (МТМУ № 4) ва як муассиса дар ноҳияи Кушониён (мактаби № 61), дар маҷмуъ 13 муассиса аз таьлими себастӣ бароварда шуда, 3 муассисаи себастӣ дар шаҳри Кӯлоб (мактабҳои №№ 30,36,53) фаъолият доранд, – илова кард ӯ.
Аммо намояндагони ВАО гуфтанд, дар ноҳияи Кушониён то ҳол дар як муассисаи таълимӣ дар се баст таълим ба роҳ монда шудааст. Масъулони Раёсати гуфтанд, доир ба ин масъала корбарӣ хоҳанд кард.
Иттилоъ дода шуд, ки теъдоди муассисаҳои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, хонаҳои шахсӣ ва вагонхонаҳо фаъолияткунанда 5 адад, аз ҷумла, дар ноҳияҳои Кушониён (ду филиали МТМУ № 38), Ховалинг (ду филиали МТМУ № 16) ва Панҷ (МТМУ № 45) дар натиҷаи роҳандозӣ намудани як катор тадбирҳо аз ҷойҳои ҷамъиятӣ, хонаҳои шахсӣ ва вагонхонаҳо пурра бароварда шуданд.