Дар театри  вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар намоишномаи «Қалби зан» пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд, ки дар ин  ин намоишнома тамошобинон ангушумор буданд ва ин муносибат нисбат ба театр ҳунармандонро нигарон  кардааст.

Ҳунармандони театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар  пайваста барои ҷалби тамошобинон намоишномаҳои нав ба навро руйи саҳна гузошта, талош мекунад, сафи тамошобинони театро бештар гардонанд. Бо ин мақсад намоишномаи нави театри бо номи «Қалби зан» аз руи асари Эркин Хушвахтов дар коргардонии Шукрзода Қурбонмуҳаммад  руи саҳна гузошта шуд. Новобаста аз тақсимот ва фуруши чиптаҳои зиёд тамошобинон хеле кам ба чашм мерасиданд.

Ин ҳолат руҳияи ҳунармандонро тағир дода, завқи онҳоро кам мекунад. Ба андешаи ҳунармандон омили камтаваҷҷуҳ будани  сокинон ба намоишномаҳои театри пеш аз ҳама мушкилиҳои рӯзгор ва аз санъату фарҳанг дур мондани онҳо буда, тарғиби камдоштани театр миёни хонаводаҳо низ як омили дигар ба шумор меравад.

Сокинон ба ин назаранд, ки намоишномаҳои театрӣ шояд хубу тамошобоб бошад, вале фурсати тамошои онро надоранд. Мунира Рустамова, сокини шаҳри Бохтар, иброз дошт, ки дӯстдори  театр  ва намоишномаҳои театрӣ аст ва пайваста аз оинаи нилгун тамошо мекунад ин ҳамаро чун ба гуфти ӯ  кори хона вақти зиёдашро  мегирад ҳамчунин падари фарзандонам  иҷозаи рафтан ба театрро  намедиҳад, гуфт Мунира.

Мавлуда Гулова, Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь