Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло дар маъракаи ниҳолшинони иштирок карда, дар кучаҳои шаҳр дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва гулҳои садбарг шинониданд.

Аз МИМҲД-и шаҳр хабар доданд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд,  дар кӯчаи Борбади шаҳри Бохтар маъракаи ниҳолшинонӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Гуфта шуд, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло  ва дигар масъулон   ширкат карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин маърака зиёда аз 150 дарахти сояфкану ҳамешасабз ва 500 гули садбарг шинонида шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь