Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шайдулло Шарипов аз мансаб барканор шуда, ба ҷойи ӯ Мусозода Иброҳим сардори ин раёсат таъин гардид.
Аз раёсати мазкур ба “Фараж” хабар доданд, ки Мусозода Иброҳим собиқ директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» дар мувофиқа бо Вазири Тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ҷойи Шайдулло Шарипов сардори Раёсати тандурстии вилояти Хатлон таъин карда шуд.
Шайдулло Шарипов аз 2 феврали соли 2022 дар вазифаи сардори Раёсати тандурстӣ фаъолият дошт. То ба вазифаи сардори раёсати тандурустии вилоят дар вазифаи сардори Раёсати хизматрасониҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият кардааст.
Ҳоло маълум нест, ки Шайдулло Шарипов ба ягон вазифаи дигар таъин шудааст ё не.