16-уми ноябр дар Кохи фарҳанги вилояти Хатлон ҳамоиши идона  ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои мо – ифтихори мо» доир гардид.

Ҳамоиши идона бо роҳпаймоии кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони вилоят оғоз ёфта сипас, дар толори Кохи фарҳанг ва маркази итилоотии шаҳри Бохтар идома ёфт. Дар ин ҳамоиши идона раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, роҳбарони ташкилоту идораҳои давлатӣ, ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва фаъолони ҷомеа иштирок доштанд.  Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, суханронӣ намуда, халқи кишварро ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.

Сипас, аз ҷониби Қурбон Ҳакимзода гирандагони ҷойи аввали даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва омӯзгорону волидони онҳо бо  туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар анҷоми ҳамоиш, барномаи идонаи аҳли фарҳанги вилоят хотири ҳозиринро болида  кард.

Мавлуда Гулова, Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь