Бахшида ба рӯзи кормандони милитсия дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар ҳамоиши идона доир гардид, ки дар он ба як қатор кормандони соҳа рутбаҳои нави ҳарбӣ дода шуд.
Дар толори кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Нозимзода Файзулло Ватан, муовинони раиси вилоят, сардорони раёсату шуъба, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва роҳбарону кормандони ҳимфзи ҳуқуқу тартибот, бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади идона доир гардид. Сардори раёсати вазорати корҳои дохилї дар вилоят Нозимзода Файзулло Ватан ба сухан баромада афсарону сарбозон ва кормандони милитсияи тоҷикро ба рӯзи касбиашон табрику муборакбод намуд.
– Расидан ба истиқлоли давлатӣ дар таърихи милитсияи Тоҷикистон давраи навро оғоз намуд ва шароит фароҳам овард, ки кормандони ин ниҳод бо дарки масъулият, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ба хотири ҳимояи ин неъмати арзишманди давлату миллат, яъне истиқлолу озодӣ, вазифаи муқаддасу ҷонии худро сарбаландона ба ҷой оваранд, – изҳор дошт Нозимзода Файзулло Ватан .
Дар идомаи чорабинї раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба сухан баромада аз фаъолияти пурсамари кормандони милитсяи вилоят ёд оварда, изҳори қаноъатмандї намуд.
Сипас, ба роҳбарон кормандон ва собиқадорони милитсияи тоҷик дар вилояти Хатлон, ки дар таъмини амнияту суботи зиндагии шаҳрвандон саҳми арзанда доранд, рутбаҳои нави ҳарбӣ, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ дода шуд. Аз ҷумла, Офоқ Ҷумъахонзода, корманди раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, бо рутбаи полковники милитсия қадрдонӣ гардид. Барномаи фарҳангии ҳунармандони вилоят дар анҷоми ҳамоиш хотири ҳозиринро болида намуд.
Мавлуда Гулова, Фараж