Имрӯз дар шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон ва дигар масъулон “Рӯзи даъватшаванда” баргузор гашт. Дар оғоз роҳпаймои даъватшавандаҳо аз назди бинои Комиссариати ҳарбии вилоят то варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар сурат гирифт.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханрониаш ба ҳамаи ҷавонони далеру шуҷоъ ва соҳибватан, ки бо амри дилу виҷдон ба сафи Артиши миллӣ пайвастаанд, инчунин ба падару модарон барои тарбияи шоистаи фарзанд миннатдорӣ баён кард.
Дар идомаи ҳамоиш ҳамчунин дигар иштирокдорон, аз ҷумла даъватшавандагон ва волидони онҳо дар мавзуи хизмат ба Ватан изҳори андеша карда, ҷавононро ба ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва садоқатмандӣ ба давлату миллат ҳидоят карданд.
Ба ҳазор даъватшаванда туҳфаҳои раиси вилояти Хатлон тақдим карда шуд. Пас аз маросими нонгазон барномаи рангини ҳунарӣ доир гардид.