Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон айни замон аз музди меҳанти кормандони худ 1 миллиону 179 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад.
Муовини сардори Раёсати мазкур Оятуло Умаров дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, қарз аз музди меҳнати кормандон дар вилоят ба ҳолати 1 январи соли 2021-ум 1 милиону 863 ҳазор сомониро ташкил медод ва дар чор моҳи соли ҷорӣ аз ин қарз 700 ҳазор сомониаш пура пардохт карда шудааст.
– Ба ҳолати якуми майи соли равон қарзи музди меҳнат 1 миллиону 179 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин дар зерҳавзаи ноҳияи Шазритус 508 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Фархор 215 ва Кӯшониён 217 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Ҷайҳун 133 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, – илова кард Оятуло Умаров.
Блоки рекламавӣ