Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва президенти Бонки осиёии рушд Масатсугу Асакава аз мавзеи таърихии Аҷинатеппаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дидан карданд.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд, ки президенти Бонки осиёии рушд ҷаноби Масатсугу Асакава ҷиҳати таъмир ва ба як базаи сайёҳӣ табдил додани ин макон мароқ зоҳир намуда, иброз доштанд, ки метавон дар натиҷаи корбурди хуб лоиҳаҳоро дар ин самт низ татбиқ намуд.

Иттиллоъ дода шуд, ки Аҷинатеппа боқимондаи ёдгории меъмории дини будоӣ буда, мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон бутхона дар нимаи дуюми асри 7 ва ибтидои асри 8 фаъолият дошт. Аҷинатеппа аз маркази шаҳри Бохтар 13 км дар ҷамоати деҳоти Кирови ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷойгир шудааст. Номи асосии ин ёдгорӣ аслан Аҷинатепп» набуда, ин унвон солҳои 1940 ба он дода шудааст.

Тибқи ривояти мурдуми маҳал солҳои 1940 дар натиҷаи боридани боронҳо 1 ҷойи теппа фурӯ рафта, сурохие ба вуҷуд омадааст, ки нафаре аз ин деҳа вориди сӯрохӣ шуда, буддои якпаҳлӯ хобидаро дар ҳолати нирвана мебинад.

Баъдан мардуми деҳа ин маконро, макони ҷинҳо (махлуқи бадшакли афсонавӣ) пиндошта, Аҷинатеппа номгузорӣ кардаанд. Айни ҳол мавзеи мазкур ба таҳқиқи амиқ ниёз дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь