Рӯзи 10 октиябри соли равон, дар шаҳри Душанбе раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо волии вилояти Новосибирски Федератсияи Русия Андрей Травников дидору гуфтушунид кард.

Аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба вазъи кунунии ҳамкориҳои мутақобила байни вилояти Хатлон ва вилояти Новосибирск табодули назар карданд.

Ҳамчунин, ҳавасмандии ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкориҳои фаъоли байни минтақаҳо дар самти рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷалби сармоя, инчунин амалисозии лоиҳаҳо қайд шуд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба таҳким ва густариши робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи ҳамкорӣ дар рушди иқтисодии дуҷониба ҳавасманд мебошад.

Раиси вилояти Хатлон волии вилояти Новосибирски Федератсияи Русия Андрей Травниковро ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2024» ва “Бохтар Фуд”, ки рӯзҳои 17-18 октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, даъват кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь