Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни сафари кории худ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба хонаи Суннатулло Маҳмадов, ки зимни адои хизмати ҳарбӣ баҳри ҳимояи хоки Ватан дар дидбонгоҳи Хоҷаи Аълои отряди исфарагии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар задухӯрдҳои байнидавлатии сарҳадӣ аз худ аз шуҷоату далерию мардонагӣ нишон дода, рӯзи10 марти соли 2022 қаҳрамонона ҳалок гардид, рафта, ба волидони марҳум сӯҳбат кард.
Суннатулло 8 январи соли 2001 дар деҳаи Арали ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Марҳум муассисаи таълимии №3-ро хатм намуда, соли 2020 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудааст.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба волидони Суннатулло таслият баён карда, зикр кард, ки корномаи ӯ барои ҳазорон ҷавони тоҷик сабақи ватандӯстию ҷавонмардист.
– Ватан ва миллат ҳеҷ гоҳ номи фарзандони ҷонфидою ҳомиёни баҳодури худро фаромӯш намекунанд, – идома дод раиси вилоят.
Ба ин хонавода аз кумаки пуливу молӣ расонида шуд. Раиси вилоят ҳамчунин ваъда кард, ки дар ба итмом расонидани манзили нимсохти ин оила мусоидат намуда, масолеҳи сохтмонӣ дастрас мекунад.
Инчунин, таъкид шуд, ки бо мақсади қадрдонӣ ва пос доштани хотираи неки муҳофизи шуҷои ватан, бо пешниҳоди коллективи меҳнатии омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таълимгоҳи мазкур ба номи Суннатулло Маҳмадов гузошта шавад.