Имрӯз дар ҳукумати вилояти Хатлон нишасти матбуотии раиси вилоят бургузор шуд. Нишастро муовини аввали раиси вилоят Салимзода Амонулло гузаронда, сабаби ҳузур надоштани иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон  Давлаталӣ Саидро дар нишаст, дар сафари корӣ будани ӯ дар ноҳия Вахш арзёбӣ кард.

Муовини раиси вилояти Хатлон Саломзода Амонулло дар оғози нишаст дар бораи дастовардҳои вилоят сухан карда афзуд, ки дар вилоят 41 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амаллӣ шуда, маблағи аз худшуда 760 млн долари амрикоиро ташкил медиҳад.

– Соли 2022 дар вилояти Хатлон 61 ҳазору 935 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, – илова кард ӯ ва афзуд, ки дар ин сол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 128 адад коргоҳу корхонаи сантатӣ таъсис дода шуда, дар онҳо 1 ҳазору 525 адад ҷойи кории нав таъсис дода шудааст.

Дар нишаст хабарнигорон аз иштирок накардани раиси вилоят, норасогии омӯзгорон, захираи пиёз ва дигар масъалаҳо суол пешниҳод карданд, ки масъулон ба онҳо посух доданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь