Дар 9 моҳи соли 2019-ум дар вилояти Хатлон 1972 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 210 ҳолат зиёд аст.

Сармутахасиси шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Мирсаидзода Ҳурумбӣ гуфт, бештари ҷудошавии оилаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Кӯлоб, Вахш, Панҷ, Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ  ба қайд гирифта шудаанд.

Манбаъ қайд кард, ки аз 1972 оилаи ҷудошуда 1526 ҳолати он бо қарори суд, 439 ҳолат бо аризаи якҷояи зану шавҳар бекор шудааст.

Аз ҳама бештар ҷудошавии оилаҳо миёни ҷавонони то синни 35-сола сабт шудааст. Дар ин давра 1307 ақди никоҳи ҷавонони то 35-сола бекор гардидааст.

Ҳамсуҳбати мо омилҳои ҷудошавии оилаҳоро бе фарзандӣ, омода набудани ҷавонон ба ҳайёти мустақилона, хушунати хонаводагӣ арзёбӣ кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь