Шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар муддати як моҳ сад дарсад аз иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусалаҳи кишвар баромаданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон мегӯяд, аз комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон мужда доданд, ки иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ дар вилояти Хатлон рӯзи 31-уми октябр 100,1% таъмин гардид.
Қобили зикр аст, ки шаҳру навоҳии Норак, Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав, Данғара, Ҷайҳун, Шаҳритус, Муъминобод, Балҷувон, Хуросон, Темурмалик нақшаи даъват ба артишро дар рӯзҳои аввали моҳи октябр пурра иҷро кардаанд.
Гуфта шуд, ки айни замон наваскарон ба қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳо тақсим шуда, онҳое, ки аллакай аз давраи таълими омодагии сарбози ҷавон гузаштаанд, савганди ҳарбӣ ёд карданд.
Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-юми ноябр давом меёбад.
Ҳамасола ба хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи кишвар шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хизмат ё озод будан аз хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.