Дар вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нақшаи умумии контингенти андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,8 дарсад таъмин гардида, ба буҷет нисбати нақша 10,8 миллион сомонӣ зиёд ворид гаридааст. Дар ин бора Ҷурабеки Ҷумъа, сардори Раёсати андози вилояти Хатлон, дар нишасти хабарии ниҳодаш иттилоъ дод.

Ӯ гуфт дар ин давра аз ҳисоби пурра иҷро нашудани нақшаи андозҳо ва пардохтҳо  дар ноҳияи Ёвон  ба буҷети вилоят 39,9 млн сомонӣ маблағи андозҳо ворид нагардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Хатлон 175,3 млн сомонӣ  бақияи қарзи андоз  мебошад, ки мо нақша дорем онро то охири сол кам кунем.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь