Бунафша Раҳимзода ба ҷойи Зиннатгул Сафарзода сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъйин гардид.
Бунафша Раҳимзода то таъйин шуданаш ба ин мансаб мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Вахши вилояти Хатлонро ба ӯҳда дошт.
Зиннатгул Сафарзода, сардори собиқи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон рӯзи 23 майи соли ҷорӣ дар як тамоси телефонӣ ба “Фараж” хабар дода буд, ки муддати чанд соли охир дар шӯъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолият мекунад.
– Бо хоҳиши худам ва мактуби вазири адлияи кишвар ба вазифаи мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Ҳисор таъйин гардидам, – илова карда буд ӯ.
Раҳимзода Бунафша Насриддин 5 майи соли 1984 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад.
Ӯ соли 2006 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бо ихтисоси ҳуқуқшинос-омӯзгор ва соли 2018 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Номбурда солҳои 2005-2006 ҳамчун ҳуруфчини идораи нотариалии давлатии шаҳри Сарбанд (ҳозира Левакант), 2006-2007 сармутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар), 2007-2008 мутахассиси бахши оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, алоқаи ташкилоти ҷамъиятию сиёсӣ, муносибати байни миллатҳо ва дини дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар), 2008-2011 мутахасисони шӯъбаи оид ба баргардонидани қарзи Амонатбонки шаҳри Қӯрғонтеппа, 2013-2016 мутахассис-коргузори Шӯъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон, 2016-2017 сармутахассис Шӯъбаи Раёсати ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон, 2017 мутахассиси пешбарӣ бахши сабти ҳолати шаҳрвандӣ шаҳри Кӯлоб, 2017-2018 иҷрокунандаи ӯҳдадориҳои мансабии бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Сарбанд (ҳозира Левакант) ва аз соли 2018 то таъйин шуданаш ба мансаби сардори Шӯъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон дар вазифаи мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон кору фаъолият кардааст.
Бунафша Раҳимзода бо фармони вазири адлияи кишвар роҳбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон таъйин карда шуд.