Дар 7 моҳи соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 103 ҳолати  содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 49 ҳолат кам мебошад.

Ҷиноятҳои  содиршуда  аз тарафи 70 нафар  ноболиғ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 37 нафарашон кӯдакони мактабхон буда, 33 нафари дигар дар мактаб намехонанд. Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.

Аз ниҳоди мазкур зикр карданд, ки зиёдшавии ҷиноят дар шаҳру ноҳияҳои Левакант – 6, Кушониён – 21, Ёвон – 8, Дӯстӣ –  4, Шаҳритузу  Восеъ  – 2  Хуросон,  Ҷалолиддини Балхӣ  ва шаҳри  Норак  – 1  ҳолатиро дар бар мегирад.

Иттилоъ дода шуда, ки дар 7 моҳи соли  2019 мутобиқи  моддаи 90 нисбати 3446 нафар протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст. Аз 2042 нафар дар ҳаҷми 250912 сомонӣ ҷарима ситонида шуда,  ба  1096  нафар огоҳӣ дода шуда, парвандаҳои 308  нафар мавриди баррасӣ дар судҳо қарор доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь