Дар вилояти Хатлон соли гузашта аз ҷониби ноболиғон 220 ҷиноят содир шудааст,ки ин нисбати соли 2018-ум се ҳолат кам аст.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Исозода Диловар, имрӯз дар нишасти хабариаш гуфт, ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби 147 нафар ноболиғ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 79 нафара кӯдакони мактабхон буда, 68 нафари дигар дар мактаб намехонанд.
Бештар ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби хонандагони шаҳру ноҳияҳои Кушониён, Восеъ, Леваканд, Дӯстӣ, Шаҳритуз, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ёвон ба қайд гирифта шудааст.
– Дар соли хониши 2019-ум 24 холати худкушии ноболиғон ба қайд гирифта шудаст, ки бештари он аз ҷониби духтарон аст, – афзуд ӯ.
Сардори Раёсат гуфт дар соли рафта 76 нафар хонандаи душвортарбия ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 66 нафарашон писар ва 10 нафарашон духтар будаанд.
Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2019 нисбати 4 ҳазору 932 нафар волидон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз 2 ҳазору 883 нафар дар ҳаҷми беш аз 373 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.
– Ба 1 ҳазору 143 нафар огоҳӣ дода шуда, парвандаҳои маъмурии 306 нафари дигар мавриди баррасии судҳо қарор доранд, – илова кард Исозода Диловар.