Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бо иштироки тамоми кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷашни Сада баргузор гардид.

Дар ҷашни Сада кишоварзони вилоят техника ва дастранҷи хешро ба намоиш гузошта буданд, ки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии кишвар Саъдӣ Каримзода ва дигар меҳмонон аз онҳо дидан карданд.

Дар ин чорабинӣ гуфта шуд, ки барзгарони вилояти Хатлон соли 2021 ҳаҷми маҳсулоти кишоварзиро ба бештар аз 20 миллиарду 494 миллион сомонӣ расонидаанд, ки ин нисбат ба соли 2020-ум 191,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҷашни Сада барои пешқадам будан дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ноҳияи Данғара соҳиби ҷойи якум ва шоҳҷоизаву 10 ҳазор сомонӣ, Кӯшониён сазовори ҷойи дуюм ва 7 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Ҷайҳун соҳиби ҷойи сеюм ва 5 ҳазор сомонӣ гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь