Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Хатлон-Инвест-2024» ва “Бохтар Фуд-2024” оғоз шуд. Дар ин форум маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шудааст.
Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Хатлон-Инвест-2024» ва “Бохтар Фуд-2024” ду рӯз 17-18 октябри соли ҷорӣ идома меёбад.
Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Хатлон-Инвест-2024» бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронида, густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон тавассути муаррифии имконият ва маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ мебошад.
Инчунин мулоқотҳои инфиродии соҳибкорону сармоягузорон ва тасвиби Ёдошти байни намояндагони доираҳои тиҷоратӣ баргузор мешавад.
Форуми мазкур ҳамзамон, барои табодули таҷриба дар амалисозии ташаббусҳои созанда, инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва байналмилалӣ ба ҳайси заминаи муҳими мулоқоту музокирот хизмат хоҳад кард.
Дар Анҷуман раҳбарони минтақаҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, вилоятҳо ва шаҳрҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Туркия, Эрон, Чин, роҳбарияти корхонаҳои бузурги саноатӣ ва кишоварзӣ, намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ, доираи васеи сармоягузорон, инчунин соҳибкорони ватанӣ иштирок мекунанд.