Дар 11 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 14 ҳолати фавти занони ҳомила ҳангоми таваллуд ба қайд гирифта шудааст.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода Мирзовалӣ дар суҳбат ба хабаригори  “Фараж” гуфт, ки фавти занон бештар дар ноҳияи Қубодиён  ба қайд гирифта шудааст.

“Дар ин ноҳия 6 зан ҳангоми таваллуди фарзанд фавтидаанд. Баъди он сардорони беморхонаи марказӣ, Маркази кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва сардори Маркази репродуктивии ноҳия аз вазифаҳояшон сабукдӯш шуданд, – илова кард ӯ.

Ба қавли ӯ, дар ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Ҷалолидини Балхӣ дутоӣ ва дар шаҳри Кӯлоб як ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки барои бемасъулиятӣ чанд нафар табиби ин шаҳру ноҳияҳо аз кор озод шуда, чанд нафари дигар муҷозоти интизомӣ шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь