Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар вилояти Хатлон 13 нафар зан ҳангоми таваллуд фавтидаанд, ки 6 ҳолати он дар ноҳияи Қубодиён ба қайд гирифта шудааст. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ Раҷабзода Мирзоалӣ сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба намояндагони ВАО қайд намуд.

Манбаъ нигаронӣ аз он кард, ки фавти модару кӯдак дар вилоят онҳоро нигарон кардааст.

Нисбати табибоне, ки ҳангоми адои вазифа ба бемасъулиятӣ роҳ медиҳанд, чора андешида шудааст.
Ҳамчунин сардори раёсат қайд намуд, ки нисбати сардорони беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён ва КАТС ноҳия пешниҳод карда шудааст, ки онҳо аз вазифа сабукдӯш шаванд.

Дар нишаст хабарнигорон оид ба ситонидани маблағ ҳангоми таваллуд, норасоии таҷҳизот дар беморхонаҳо ва дигар масъалаҳои мубрам суолҳо пешниҳод намуданд. Вазири тандурустӣ Насим Олимзода дар як баромадаш аз вазъи иҷрои нокифояи протоколҳои клиникӣ, масъалаҳои фавти модар ва кӯдак, солимии репродуктивӣ, зоишҳои хонагӣ, хатнаи кӯдакон, муроҷиати такрории шаҳрвандон, коррупсия ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа дар вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ намуд.

– Бо назардошти мушкилотҳои мавҷуда вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода доир ба рафъи камбудиҳои мавҷуда ба сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Мирзоалӣ Раҷабзода супоришҳои мушаххас дода, инчунин таъкид намуд, ки дар сурати дар муҳлати муайянгардида ислоҳ нашудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта нисбати масъулини соҳаҳои болозикр дар ин вилоят чораҳои мушаххас андешида мешавад,-гуфта буд вазир.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь