Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давоми шаш моҳисоли ҷорӣ 40 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 343 ҷойинави корӣ таъсис дода шудааст.
Аз МИҲД-и вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки дар ин давра саноатчиёни вилоят ба маблағи беш аз 5 миллиарду 18,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 841 корхонаҳоиистеҳсолӣ фаъолият намуданд, ки нисбати ҳамин давраисоли гузашта 55 корхона зиёд мебошад.
Қайд гардид, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 177 номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки аз онҳосуръати рушди 145 номгӯ таъмин гардида, 13 намудмаҳсулоти саноатӣ, ки соли гузашта истеҳсол намешуд, имсол истеҳсолашон ба роҳ монда шуд.
Блоки рекламавӣ