Имрӯз, 2 апрели соли 2021-ум, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар сафарбаркунии ҷавонон ба Артиши миллӣ баргузор гашт, ки дар он 1 ҳазору 200 нафар ҷавони хатлонӣ ба сафи Қуваҳои мусаллаҳи кишвар пайвастанд. Дар ин рӯз ноҳияҳои Балҷувон, Шамсиддин Шоҳин ва Носири Хусрав пурра аз иҷрои нақша хабар доданд.
Мудири Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дасгоҳи раиси вилояти Хатлон Носирҷон Муъмурзода гуфт, ки бахшида ба рӯзи даъватшаванда дар шаҳри Бохтар чорабинии бошукуҳ баргузор гашт, ки нахуст дар оғози чорабини раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба сухан баромада, қайд кард, ки ҷавонони мо бояд ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ бошанд. “Чунки ҳифзи ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиклолият, амният ва иқтидори мудофиявии он вазифаи мукаддаси ҳар фарди ватандуст мебошад», – гуфт ӯ.
Дар маросими сафарбарии наваскарон волидайн ва ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хизмат мераванд, баромад карда, ҳимояи ватанро ба дигарон низ талқин карданд. Сипас, ҳамчун рамзи кадршиноси ба наваскарон туҳфаҳои хотиравӣ такдим карда шуда, аз ҷониби модарони наваскарон маросими нонгазон бо ҷо оварда шуд ва волидон барои адои хизмати софдилона ба фарзандон дуои нек доданд.