Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бар асари 24 садамаи роҳу нақлиётии рухдода дар моҳи январи соли равон 21 кас ҷон дода, 30 нафари дигар маҷруҳ шуданд.
Ёрмаҳмад Давлатов, сухангӯи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Хатлон, иттилоъ дод, ки аз ҳодисаҳои рухдода 10 ҳолати он бо иштироки пиёдагардон ба қайд гирифта шудааст.
– Баҳри пешгирии ҳодисаҳои нақлиётӣ аз ҷониби кормандони БДА-и вилоят шуруъ аз рӯзи 10-уми феврали то имрӯз, 20 феврал, дар ҳудуди вилоят амалиёти “Пиёдагард” гузаронида шуд.
Блоки рекламавӣ