Давоми соли 2023 дар ҳудуди вилояти Хатлон ҳамагӣ 661-ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусиятҳои гуногундошта ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 226 кас ба ҳалокат расида 331 каси дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.  Дар ин бора сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Мамадзода иттилоъ дод.

Гуфта шуд, маблағи умумии зарари ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусиятҳои гуногундошта соли 2023-юм дар вилояти Хатлон  8-миллиону 520-ҳазору 035-сомониро ташкил медиҳад.

Қайд гардид, ки аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ дошта 4-ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 1 кас ба ҳалокат расидааст. Маблағи умумии зарар 2-миллиону 699-ҳазору 399 сомониро ташкил медиҳад.

Зикр шуд, ки ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти техногенидошта 657 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи зарар 5 миллиону 820  ҳазору 636 сомониро ташкил дода, дар натиҷа 229-нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 331 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.   Аз ҷумла, сӯхторҳо 336 ҳодиса, 3 талафоти ҷонӣ, маблағи умумии зарар 5 миллиону 820 ҳазору 636 сомониро ташкил медиҳад,  садамаҳои нақлиёти 321 ҳодиса, дар натиҷа 226 нафар ба ҳалокат расида, 331 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь