Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар аз имрӯз аввалин дӯкони фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо, ки ба тарҳи замонавӣ сохта шудааст, корро оғоз кард.
Роҳбари КФ КВД «Почтаи Тоҷик» Сайдалӣ Мирзоев гуфт, ки имрӯз аввалин дӯкони фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳоро дар шаҳри Бохтар, ки ба тарзи замонавӣ бунёд шудаст, корро оғоз кард, ки мисли ин дӯкон дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳоло нест.
“Мо нақша дорем, ки дар худи шаҳри Бохтар 10 адад чунин дӯконро насб кунем ва айни замон 4 дӯконаш омодааст, ки рӯзҳои наздик онҳо низ ба кор оғоз хоҳанд кард. Дар ояндаи наздик дар шаҳри Кӯлоб, Данғара, Шамисддини Шоҳин чунин дӯконҳои фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳо бунёд хоҳанд шуд”, – илова кард ӯ.
Қайд гардид, ки дар умум бояд то соли 2025-ум 50 адад ҳамин намуд дӯкон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд шаванд, ки баъди бунёди онҳо беш аз 50 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.
Роҳбари почтаи вилояти Хатлон илова кард, ки дар назди фурудгоҳҳо ва роҳҳои оҳан низ дӯкони фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳоро бунёд хоҳад кард, ки онҳо шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қариб дӯконҳои фурӯши рӯзномаю маҷалла дида намешаванд, ки ин ҳолат боиси ташвиши масъулони «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон гардидааст.