29-уми ноябр раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сафири фавқулода ва ваколатдори Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон Квон Донг Сок вохӯрд.
Дар ин вохӯрӣ Қурбон Ҳакимзода намояндагони Кореяи Ҷанубиро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея сол то сол рушд меёбад, ки ин ба манфиати ҳар ду ҷониб мебошад. Ҳамчунин дар рафти сӯҳбат дар хусуси вилояти Хатлон, ки яке аз минтақаҳои калонтарин ва дорои захираю имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф мебошад, маълумот дода, иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рушди соҳибкорӣ ва махсусан барои соҳибкорони хориҷӣ тамоми шароити заруриро муҳайё кардааст.
Дар идомаи мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар самти рушди муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноат ва кишоварзӣ, маориф, ҷалби соҳибкорони кореягӣ ба иқтисоди вилояти Хатлон, таҳкими муносибатҳои дӯстона байни минтақаву вилоятҳои ду кишвар, сайёҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима карда шуданд.
Дар рафти суханронии худ Квон Донг Сок, сафири фавқулода ва ваколатдори Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати рушди забони кореягӣ дар вилояти Хатлон изҳори сипос намуда, омодагии худро барои мусоидати ҳамаҷониба дар ин самт баён дошт. Аз ҷумла, Квон Донг Сок пешниҳод намуд, ки дар ДДБ ба номи Носири Хусрав факултети забони кореягӣ ва дар вилоят маркази омӯзиши ин забон ташкил карда шаванд.
Дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ дод, зимни вохӯрӣ иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни вилояти Хатлон ва вилояти Канвондои Кореяи Ҷанубӣ дар ҳолати коркард қарор дорад.
Мавлуда Гулова, Фараж