Дар талу теппаҳои ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Левакант корҳои безараргардонии малах идома доранд.

Имрӯз, 30 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода аз мавзеъҳои хурӯҷи малах, роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавӣ ва нест кардани ин ҳашарати зиёновар дидан карданд.

Ба иттилои масъулин ҳоло дар заминҳои чарогоҳи ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Левакант корҳои безарарсозии марҳилаи дуюми коркард дар баъзе минтақаҳо идома дорад.

Корҳои кимиёвӣ бар зиди малахи марокашӣ аз моҳи март идома дошта, дар се марҳила гузаронида мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь