Дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз иҷрои пурраи нақшаи даъват хабар доданд.
Аз мақомоти маҳалии шаҳру ноҳияҳои Данғара, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Балҷувон, Хуросон, Ҷайҳун, Левакант, Носири Хусрав, Муъминобод, Темурмалик, Вахш, Фархор, Норак, Бохтар, Дустӣ, Шамсиддин Шоҳин иттилоъ доданд, ки дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, нақшаро 100 дарсад иҷро карданд.
Блоки рекламавӣ