Тибқи қонуни тозатасвиби Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв” аз муассисаҳои ислоҳии ноҳияи Ёвон ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон то 26-уми октябри соли равон 964 маҳбус озод карда шуданд.
Ба гуфти ёрдамчии прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Хатлон Давлат Тағоев, дар асоси қонуни мазкур аз муассисаи ислоҳии низомаш умумии ноҳияи Ёвон 793 маҳкумшуда озод карда шуданд. “Аз муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак 171 нафар озод гардиданд”, – илова кард ӯ.
Ба иттилои ҳамин манбаъ, айни замон омӯзиши парвандаҳои шахсони маҳкумшуда дар муассисаи ислоҳии сукунатии шаҳраки Ғароутии ноҳияи Дӯстӣ ва муассисаи ислоҳии шаҳри Бохтар идома дорад.
Ёдовар мешавем, ин афв, ки бо иқдоми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон имзо шуд, дар маҷмуъ нисбат ба беш аз 20 ҳазор шахси ҷиноятсодиркарда татбиқ мешавад.