Дар вилояти Хатлон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 269 нафар корманди соҳаи тандурустии вилоят бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан, ба кори дигар гузаштан, ба нафақа баромадан ва дигар сабабҳо, корро тарк карданд.  Дар ин бора зимни нишасти хабарии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар нишаст ҳамчунин гуфтанд, ки аз онҳо 63 нафарашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, 102 нафар ба дигар муассисаҳо гузаштаанд, 9 нафар фавтидаанд, 11 нафар ба нафақа баромадаанд ва 84 нафари дигар бо сабабҳои номаълум корро тарк кардаанд.

Дар нишаст сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шайдулло Шарифов  аз он нигаронӣ кард, ки ҳоло муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон ба 1 ҳазору 157 пизишк ниёз доранд.

–  Ин шумора дар аввали соли 2022 зиёд буд, вале мо кӯшиш кардем ва 188 нафар пизишкеро ба кор қабул кардем, ки аз онҳо 106 нафарашон ҷавонон мебошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь