Тибқи ҳисоботи оморӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории вилояти Хатлон 29 ҳазору 339 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд, гуфт зимни нишасти хабарӣ роҳбари  Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии  вилояти Хатлон Қурбоналӣ Қурбонзода.

Дар идома ӯ гуфт, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри ривоҷу равнақи  фаъолияти соҳибкорӣ ба 337 нафари бекори дар қайди мақомоти шуғли аҳолӣ буда, ба маблағи 1524,1 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.

Ҳамчунин, дар ин давра ба 2953 шахси аз кор озодшуда, аз маҳбас озодшуда ва ҷавонони аз сафи Қувваҳои мусаллаҳ баргашта кӯмакпулӣ таъйин шудааст. Аз ин ҳисоб бо назардошти солҳои гузашта ба 3649 нафар 2741, 4 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт карда шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 718 нафар зиёд мебошад

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь