Соли таҳсили 2021-ум аз мактабҳои вилояти Хатлон 2 ҳазору 67 нафар омӯзгор тарки пеша карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ  рафтанд. Дар ин бора, имрӯз зимини нишасти матбуотӣ, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Олими Ашӯралӣ хабар дод.

Олими Ашӯралӣ

Сардори Раёсат афзуд, ки бештар омӯзгорон аз мактабҳои ноҳияҳои Ёвон, Ҷомӣ, Ҷайҳун, Кӯшониён, Балхӣ, Қубодиён, Хуросон, Бохтар ва Восеъ коро тарк карда, ба муҳоҷират рафтанд.

Омилҳои тарки пеша кардани омӯзгоронро ин шахси масъул мушкили оилавӣ ва дигар сабабҳо гуфт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин сол бештар аз 3 ҳазор омӯзгор ба мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба кор омадаанд, аммо имрӯз норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимии вилоят ба 300 нафар мерасад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь