Соли гузашта 593 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бекор карда шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аст. Раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Пирзода Диловаршо дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки аксари қарорҳои бекоршуда дар самти замин мебошанд.

Номбурда илова кард, ки қарорҳои бекоршуда дар ноҳияи Кӯшониён 56 адад,  Вахш 10 адад, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Қубодиён, Хуросон 13-ададӣ, Носири Хусрав 14 адад,  Ҷалолиддини Балхӣ 22 адад,  Балҷувону Панҷ 15-ададӣ, Шаҳритус 7 адад, Абдураҳмони Ҷомӣ 12, Норак, Кӯлоб, Фархор Ёвон 11-ададӣ, Бохтар, Левакант, Шамсиддин Шоҳин 6-ададӣ, Муъинобод 21 адад,  Восеъ 25, адад, Ҳамадонӣ- 18 адад,  Темурмалик 2 адад ва  Ховалинг 14 ададиро ташкил медиҳад. Дар умум соли 2023-юм  593 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бекор карда шудааст, илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь