Дар Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин ҷашнвораи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” бо иштироки шоирону адибон, рӯзноманигорон, директорони қитобхонаҳо, омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагон оғоз шуд.
Рухшонаи Шералӣ, директори китобхона, гуфт, бо ин мақсад намоиш-фурӯши китоб дар саҳни китобхона баргузор гардид. Дар доираи ин намоиш-фурӯш, китобҳои гуногун, аз ҷумла адабиёти бадеӣ, илмӣ, таълимӣ ва дигар адабиёту тарҷумаҳо бо сифати баланд ва бо нархи арзон пешкаши дӯстдорони каломи бадеъ гардонида шуд. Сипас қисмати дигари ҷашнвораи ҷумҳуриявии мазкур дар толори хониши оммавии муассиса идома кард.
Ёддовар менамоем, ки тӯли як ҳафта дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят чорабиниҳои гуногун бахшида ба фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” идома меёбад.
Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» як чорабинии муҳими фарҳангӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола аз 2-юм то 9-уми апрел бо мақсади тарғиби китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати кӯдакону наврасон дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати махсус баргузор мегардад.