Ба хотири таҷлили Соли нави мелодӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлони арчаҳои солинавӣ насб карда шуданд ва ҳар шаҳру ноҳия ба қадри имкон онҳоро оро додаанд.

Дар байни 14 шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон арчаи аз ҳама баланд дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар қомат афрохтааст, ки баландии он 17 метр буда паҳноияш 8 метрро ташкил медиҳад. Дар минтақа аз ҳама арчаи зебо арчаи шаҳри Бохтар ба ҳисоб меравад.

Арчаи солинавии ноҳияи Вахш  бо баландии 16  ва паҳноии 6 метр  дар зинаи дуюм аст. Арчаи ноҳияи Кӯшониён дар зинаи сеюм ва Хуросон дар зинаи чорум қарор доранд.

Арчаҳои ин шаҳру ноҳияҳо ба куллӣ аз дигар шаҳру ноҳияҳо фарқ доранд, зеро баргҳои онҳо сунъӣ мебошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь