Дар панҷ моҳи соли 2019-ум 69 нафар шахси масъули вилояти Хатлон барои пешниҳоди оморҳои нодуруст, ҳамчунин саривақт пешниҳод накардани он ба маблағи 28 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Сардори Сарраёсати омори вилояти Хатлон Қурбоншо Ҳакимов аз рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфт, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 69 шахси масъул барои нодуруст ва сари вақт пешниҳод накардани маълумоти оморӣ 28 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.  Гуфта шуд бояд зина ба зина ҳама ҳисоботи оморӣ ба таври электронӣ омода карда шавад.

Дар ҳамин ҳол раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон дар як ҷаласа  аз кам ҷаримабандӣ шудани шахсони масъул аз сари вақт пешниҳод накардани омор изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки аз ду ҳазор иншооте, ки ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, 268 адади он то ҳол ба қайд гирифта нашудааст.

Бинобар ин, ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дастуру супориш дод, ки нисбат ба ин масъала бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь