Дар вилояти Хатлон барои ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар 9 моҳи соли 2024-ум 5,9 млн. доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 4,1 млн. доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2024 хабар доданд. Гуфта шуд, ки айни замон дар вилояти Хатлон 44 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ мешавад, ки дар доираи онҳо аз оғози татбиқ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 1,2 млрд. доллар маблағ барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обёрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт, экология, ҳодисаҳои фавқулодда ва сайёҳӣ равона гардидааст.
Блоки рекламавӣ